Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди Меҳргон

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи октябр дар қаламрави кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол Иди Меҳргон бо шукӯҳи хоса ҷашн гирифта мешавад.

Ба ин муносибат, кулли сокинони сарбаланду заҳматқарини вилоятро табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ, барори кор ва дастоварду муваффақиятҳо орзу менамоям.

 Иди Меҳргон дар радифи Наврӯз, Тиргон ва Сада аз куҳантарин  ҷашнҳои халқи тоҷик ба шумор рафта, ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва соҳибихтиёрӣ ҳамчун арзишҳои бостонӣ ва ойини неки миллӣ аз нав эҳё гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинаҷод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд».

Тибқи андеша ва эътиқоди гузаштагонамон Иди Меҳргон дар рӯзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешуд. Зеро мувофиқи солшумории гузаштагонамон ин сана ба рӯзи 16-уми моҳи меҳр, ки он рӯзро низ рӯзи меҳр меноманд, рост меомад  ва ҳар cоле, ки номи моҳу рӯз ба ҳам мувофиқ ояд, ботантана таҷлил мегардид. Дар ин моҳ шабу рӯз баробар мешавад, ки онро ба истилоҳ «эътидоли пойизӣ», яъне баробарии шабу рӯз дар тирамоҳ мегӯянд.  

Пайдоиш, рушду такомул ва таҳаввули он ба фаъолияту рӯзгори деҳқонон марбут буда, фалсафаи он устувор кардани дӯстӣ ва меҳру муҳаббат миёни одамон, инчунин сипосгузорӣ ба хотири неъматҳое мебошад, ки табиат ба инсон арзонӣ доштааст.

Боиси таъкид аст, ки деҳқонону кишоварзони вилоят бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти баланду эҳсоси ватандӯстӣ заҳмат кашида, барои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва пур аз нозу неъмат гардонидани дастархони мардум пайваста талош меварзанд.

Ба истиқболи санаи фархундаи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон дар шаҳрҳои саноатӣ  ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор ва маводҳои ниёзи мардум  пешниҳод мегардад, ки аз ин амали нек ба хонадони мардум шодиву нишот зам мешавад.

Бори дигар, сокинони вилоятро бо Иди Меҳргон табрику муборакбод намуда, тансиҳатию хонаободӣ, дастархони пур аз нозу неъмат ва дастовардҳои баланди меҳнатӣ таманно менамоям.