Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи ресандагии “Арвис Зелал Текстайл”-и ноҳияи Мастчоҳ

6 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи ресандагии  “Арвис Зелал Текстайл”, собиқ корхонаи “Олим-Текстайл"-и ноҳияи Мастчоҳ боздид намуд.

Корхонаи мазкур пас аз васлу насби таҷҳизот ва таҷдиду навсозии хатҳои технологӣ ба фаъолият омода гардида, айни замон қабули коргаронро оғоз намудааст. Ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки барои қабули коргарон озмун эълон гардида, занону бонувон ва мутахассисони ҷавон ба кор ҷалб гардида истодаанд.

Барои пойгоҳи обкашии “Сомғор-1” ду агрегати нав харидорӣ мешавад

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи обрасонӣ ва дар ниҳоят зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ барои пойгоҳи обкашии “Сомғор-1” ду агрегати нав харидорӣ карда хоҳад шуд. Дар ин бора имрӯз, 2 декабр зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти пойгоҳи обкашӣ маълумот дода шуд.

Пойгоҳи обкашии “Сомғор-1”аз соли 1960 инҷониб фаъолият дошта, дорои 8 таҷҳизоти асосии обкашӣ мебошад. Тавассути пойгоҳ қисми зиёди заминҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумла  Ҷамоати деҳоти ба номи Дадабой Холматов ва Ҷамоати деҳоти Исмоил обёрӣ гардида, барои таъмиру омодасозии он ба мавсими киштукор ҳамасола маблағҳои зарурӣ ҷудо мегардад. Соли ҷорӣ барои таъмини муназзами заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ барои ин пойгоҳи обкашӣ ду агрегати нав харидорӣ ва дастрас гардида буд.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 500 гектар токзори нав бунёд мешавад

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори истеъмолӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 500 гектар токзори нав бунёд карда мешавад.

2 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо лоиҳаи токзори нав шинос гардид. Чуноне иттилоъ дода шуд, дар Ҷамоати деҳоти ба номи Дадабой Холматов ва Ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳия бо истифода аз таҷрибаи ангурпарварони шаҳри Турсунзода 500 гектар токзори нав бунёд карда хоҳад шуд. Ба иттилои масъулин бо бунёди токзори нав ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд гардида, ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешавад.

Боздиди кории Раиси вилоят аз шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон бо рафти бунёди ҳавзи захираи оби нӯшокӣ шинос гардид. Чуноне иттилоъ дода шуд, ҳавзи захираи оби нӯшокӣ бо мақсади беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо об сохта шуда, ғунҷоиши он 500 метри кубӣ мебошад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншоот ҳолати обрасонии маҳаллаи нави шаҳр беҳтар шуда, 4500 нафар бо оби нӯшокии босифат таъмин хоҳанд шуд.

Нақшаи истеҳсоли пахта дар ноҳияи Зафаробод то имрӯз 64,6 дарсад иҷро гардид

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Зафаробод сафар карда, бо рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳия шинос гардид.

Раиси вилоят аз хоҷагиҳои ба номи "Қурбон Ҳусейн" ва "Панҷшер" боздид намуда, бо кишоварзону чинакчиён суҳбат анҷом дод ва дар ғунучини ҳосил саҳм гузошт.

Шиносоӣ бо сохтмони мактаби нав дар Ҷамоати деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод

Дар Ҷамоати деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 бунёд гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани иншоот хонандагон дар шароити беҳтарин таҳсили худро идома медиҳанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод ҷараёни корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Иттилоъ дода шуд, ки бинои дуошёнаи таълимӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои 600 хонанда дар як баст сохта мешавад.