Дар рӯзи дуюми сафар ба вилояти Нижегороди Федератсияи Россия ҳайати вилояти Суғд бо роҳбари Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Нижний Новгород бо фаъолияти корхонаи саноатии «Промавто» шинос гардид.
Чуноне иттилоъ дода шуд, дар корхонаи азими саноатӣ мошинҳои махсус, аз ҷумла мошинҳо барои кашонидани маводи ғизоӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, лабараторияи сайёр ва контейнерҳо, мошинҳои ёрии таъҷилӣ, мошинҳои хизматӣ барои мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳолатҳои фавқулода истеҳсол карда мешавад.
«Промавто» соли 2000 мавриди истифода қарор гирифта, дар он то имрӯз беш аз 20 000 мошинҳои гуногун истеҳсол гардидааст. Корхона аз таҷҳизоти муосири давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон истифода бурда, барои муштариёни худ беҳтарин мошинҳоро омода месозад.