Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо сохтмони корхонаҳои нави истеҳсолӣ шинос шуд.
Тавре аснои боздид аз ҶДММ «Амина-К» иттилоъ дода шуд, ширкат ба парвариши мурғ машғул буда, дар он 700 сар мурғи тухмдеҳ нигоҳубин карда мешавад. Роҳбарияти корхона тасмим дорад, ки фермаи навро ташкил намуда, парвариши мурғ барои истеҳсоли гӯштро ба роҳ монад. Дар фермаи нави парандапарварӣ тибқи нақша 45 ҳазор сар мурғ нигоҳубин карда мешавад. Дар ҳудуди корхона ҳамзамон коргоҳи истеҳсоли хӯроки паранда низ фаъол карда шуда, теъдоди ҷойҳои корӣ зиёд карда хоҳад шуд.



Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва бунёди як қатор иншооти соҳаи маориф шинос гардид.
1 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо корҳои таъмиру азнавбарқароркунӣ дар Қалъаи Хуҷанд шинос гардид.
11 сентябри соли 2021 беш аз ҳазор нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ташкилоту идораҳои вилоятӣ бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ёрии пахтакорон рафтанд.
12 сентябри соли 2021 Раиси вилояти Суғд бо мақсади иштирок дар бозкушоии як қатор иншоот ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба шаҳри Конибодом сафар намуд.
Дар доира сафари корӣ ба шаҳри Конибодом рӯзи 12 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори меҳнат Ширин Қамбаралиеваро аёдат намуд.
