Оғози сохтмони бинои маъмурии қитъаи чароғонкунии шаҳри Хуҷанд

Ба истиқболи 25 - солагиии Ваҳдати миллӣ ва 30 - солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони қитъаи чароғонкунии Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии шаҳр соҳиби бинои нави маъмурӣ мегарданд.

Раиси виояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо гузоштани нома ба наслҳои оянда санги асоси бинои маъмурии  қитъаи чароғкунии Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии шаҳрро гузошт. Бинои мазкур дар маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳр сохта мешавад.

Истаравшан. Раиси вилоят ба аёдати оилаи Юлдошевҳо рафт

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Истаравшан ба аёдати оилаи Юлдошевҳо рафт.

Оилаи мазкур ҳамчун камбизоат ба қайд гирифта шуда, бо амри тақдир Гулбаҳор, Гулноза ва Норбой маъюб мебошанд. Аҳли ин оила аз тарафи давлат нафақа мегиранд ва аз ҷониби саховатмандон низ мунтазам ба онҳо кумак расонида мешавад.

Бунёди боғҳои нав дар талу теппаҳои деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан

22 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан бо рафти бунёди боғҳои нав шинос шуд.

Ба роҳбари вилоят иттилоъ доданд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати самаранок истифода бурдани замин ва бунёд кардани боғу токзори нав дар талу теппаҳои бекорхобидаи деҳоти Нофароҷ дар майдони 40 гектар боғи анъанавии себ бунёд карда мешавад.

Вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Истаравшан

22 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ шинос шуд.

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бунёди иншооти гуногун, аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ ҷараён дошта, соҳибкорони шаҳр саҳми арзандаи худро барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат гузошта истодаанд.

Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ

21 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дода,  бо раванди корҳои ободонию созандагӣ шинос гардид.

Раиси вилоят аз ҷумла бо сохтмони иншооти гуногун, аз ҷумла маркази хизматрасонӣ, фермаи чорвопарварӣ, фабрикаи парандапарварии ҶДММ "Некбахт", коргоҳи дӯзандагӣ, бинои иловагии маркази ташхисӣ ва табобатии "Сино" ошно шуда, барои иҷрои босифати корҳо ба масъулин тавсияҳо дод.

Дар ноҳияи Зафаробод 140 гектар замини бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд

Дар ноҳияи Зафаробод бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ як пойгоҳи хурди обкашӣ фаъол ва 140 гектар замини бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд. Дар ин бора имрӯз, 9 апрел зимни сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Зафаробод иттилоъ дода шуд.

Тибқи иттилои масъулини ноҳияи Зафаробод дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, ташкили боғҳои интенсивӣ ва зиёд намудани ҷойҳои корӣ бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ дар 150 гектар замин, ки солҳои зиёд инҷониб бекор хобида буд, боғҳои нави себ, олу ва чормағз бунёд карда шуд.