Боздид аз рафти ҷамъоварии ҳосили зардолу дар Конибодом

Боғдорони шаҳри Конибодом ба ҷамъоварӣ ва содироти навъи пешпазаки зардолу оғоз бахшида, то имрӯз беш аз 500 тонна зардолу содирот намуданд. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Конибодом иттилоъ дода шуд.

Раиси вилоят дар шаҳри Конибодом бо рафти ҷамъоварӣ, банду баст ва​ содироти зардолу шинос гардида, барои пурра ҷамъоварӣ намудани ҳосил ба масъулину боғдорон тавсияҳо дод. Тавре иттилоъ дода шуд, дар Конибодом 12 ҳазор гектар боғи зардолу мавҷуд буда, ҳосили интизорӣ дар соли равон 30 ҳазор тоннаро ташкил мекунад. Боғдорон имрӯзҳо навъҳои пешпазаки зардолуро чида, ба кишварҳои Россия ва Қазоқистон содирот намуда истодаанд. Аз ҷониби соҳибкорон сардхонаҳои замонавӣ ташкил гардида, меваи чидашуда пас аз банду баст содирот карда мешавад. Нархи як килограм зардолу вобаста ба навъу сифат аз 2-3 то 8 сомонӣ буда, боғдорон аз ин ҳисоб даромади хуб мегиранд.

Сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Айнӣ

11 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Айнӣ сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни кишти зироатҳо,​ тарзи истифодабарии замин ва бунёдкориҳо дар ноҳия шинос гардид.

Дар Ҷамоати деҳоти Рарз роҳбари вилоят фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва маданияти заминистифодабарии сокинонро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Мусаллам аст, ки истифодаи оқилонаи замин омили асосии рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ буда, дар ноҳияи Айнӣ ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар порча замин самаранок истифода мегардад. Сокинони ноҳия дар шароити куҳистон ҳар як ваҷаб заминро мақсадноку оқилона истифода бурда, зиндагии худро таъмин ва боқимондаи маҳсулотро ба фурӯш мегузоранд.

Шиносоӣ бо рафти бунёдкориҳо дар Ҷамоати деҳоти Овчӣ - Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони як қатор иншооти гуногун идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ҷамоат шинос гардида, барои тақвиятбахшии корҳои сохтмонӣ, сарсабзу хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳо ва чароғонкунии ҷойҳои ҷамъиятӣ ба роҳбарияти ноҳия супоришҳо дод.

Шиносоӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо дар​ Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд корҳои ободониву бунёдкорӣ ҷараён дорад.
13 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти бунёдкориҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд шинос шуд ва барои иҷрои босифати корҳо ба масъулин супоришҳо дод.

Раиси вилояти Суғд дар шаҳри Москва бо роҳбарияти гурӯҳи ширкатҳои "БТК Групп" мулоқот намуд

Дар доираи сафари корӣ ба Федератсияи Россия ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Москва ташриф овард.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳамроҳонаш аз вилояти Нижегород ба шаҳри Москва омада, бо роҳбарияти гурӯҳи ширкатҳои "БТК Групп" мулоқот намуданд.

Михаил Бочерев, директори генералии гурӯҳи ширкатҳои "БТК Групп" аснои мулоқот иттилоъ дод, ки ширкати мазкур бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ дошта, тибқи он барои кишти пахта дар вилояти Хатлон сармоягузорӣ намуда, дар шаҳри Душанбе дӯхти либосҳои пахтагинро ба роҳ мондаанд ва  роҳандозии ҳамкориҳо дар вилояти Суғд низ имконпазир аст.

Дар шаҳри Нижний Новгород бизнес-форуми доираҳои тиҷоратии вилояти Суғд ва вилояти Нижегород баргузор гардид

Дар толори Палатаи савдо ва саноати вилояти Нижегороди Федератсияи Россия бизнес-форуми доираҳои тиҷоратии вилояти Суғд ва вилояти Нижегород баргузор гардид.

Дар кори бизнес — форум Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода,  и.в губернатори вилояти Нижегород Андрей Гнеушев, роҳбарон ва намояндагони Палатаи савдо ва саноати вилоятҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, соҳибкорону тоҷирон ва роҳбарони корхонаву ширакатҳои ду вилоят иштирок намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат дар бизнес-форум вобаста ба вазъи иқтисодиёти вилоят, рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ маълумот дода, қайд намуд, ки барои амалисозии иқдомҳои наву манфиатбахш дар ҳамаи соҳаҳо имкониятҳо фаровон аст.