28 апрели соли ҷорӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ аз шаҳри Конибодом боздид намуд.
Раиси вилоят дар доираи сафар сараввал бо рафти бунёди иншооти соҳаи маориф шинос гардид. Чуноне маълумот дода шуд, тибқи нақша ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бунёди 40 адад иншооти соҳаи маориф дар назар дошта шуда, дар муассисаҳои таълимӣ қариб 5 ҳазор ҷойи нишаст ташкил мегардад. Дар ин самт корҳо оғоз ёфта, бунёди мактабу кӯдакистонҳо бомаром идома дорад. Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ сохтмони кӯдакистони нав идома дорад, ки барои 120 нафар пешбинӣ шудааст. Кӯдакистони нав бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва саҳмгузории аҳолӣ сохта шуда, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар маҷмуъ беш аз 3 миллион сомонӣ равона карда мешавад. Айни замон дар шаҳр 22 кӯдакистон фаъолият дошта, 4400 нафар хурдсолон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.