5 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Зафаробод собиқадорони меҳнат Умурзоқ Дониёров ва Ғафур Ҳаитбобоевро аёдат кард.
Умурзоқ Дониёров 25 августи соли 1944 дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Ў соли 1973 Донишкадаи иррегатсионии шаҳри Тошкандро бо ихтисоси муҳандис-барқчӣ хатм намуда, барои рушди соҳаи кишоварзӣ саҳм гузоштааст.



Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафаробод сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 идома дорад.
5 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварда, аз як қатор хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия боздид намуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон собиқадорони меҳнат Антонина Коссе ва Рамзия Давлатбековаро аёдат кард.
Дар шаҳри Гулистон бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми милливу стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, бунёди корхонаҳои гуногун ҷараён дорад. Соҳибкорон бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлат корхонаҳои гуногун сохта, саҳми назарраси худро дар саноатикунонӣ гузошта истодаанд.
Рӯзи сешанбеи 3 май дар шаҳри Гулистон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои сохтмонии мактаб барои хонандагони болаёқат оғоз бахшида шуд.
