Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ

20 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дод.

Дар ноҳияи Мастчоҳ Раиси вилоят аз пойгоҳҳои обкашии "Янтоқ-1" ва "Дилварзин‐1" боздид карда, бо ҷараёни корҳои таъмиру омодасозии иншооти обрасонӣ ба мавсими нав шинос гардид. 

Корҳои таъмиру тармими иншооти соҳа моҳи октябр оғоз ёфта, дар ҳамаи 56 дастгоҳи обкашии ноҳия идома дорад. То имрӯз муҳаррикҳои дастгоҳҳои обкашӣ аз таъмир бароварда шуда, барои таъмини таҷҳизоти зарурии иншооти гидротехникӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маблағҳои зарурӣ ҷудо шудааст.

Дар ноҳия ҳамзамон тоза намудани 32 км каналҳо ба нақша гирифта шуда, то имрӯз дар 10 км корҳо ба анҷом расонида шудааст. Барои иҷрои корҳо аз Идораи беҳдошти замин ва обёрии вилоят низ техникаи зарурӣ равона шудааст.

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони Палатаи савдо ва саноати ФР ва соҳибкорону сармоягузорон дар шаҳри Москва

5 декабр дар Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва муарифии имкониятҳои вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар чорабинии сатҳи баланд Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин, намояндагони палатаҳои савдо ва саноати ду тараф, ташкилоту идораҳои давлатии Россия ва Тоҷикистон, соҳибкорону тоҷирон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва сармоягузорон иштирок намуданд. 

Президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин зимни суханронии худ аз сафари кориаш ба вилояти Суғд ёдовар шуда, ташкили намоиши маҳсулот ва муаррифии имкониятҳои вилояти Суғд дар шаҳри Москваро қадами навбатӣ дар роҳи рушди муносибатҳои дӯстона арзёбӣ кард. 

Сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Санкт-Петербурги Федератсияи Россия

Аз 2 то 4 декабри соли ҷорӣ ҳайати вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади анҷом додани мулоқотҳои судманд бо соҳибкорону доираҳои тиҷоратӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом дод.

Дар доираи сафар ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарони як қатор ширкатҳои маъруф, аз ҷумла директори генералии ширкати "Лента" Владимир Сорокин, директори ширкати "Токио сити" Сергей Симарёв, роҳбари ширкати "Акрос" Александр Шинкаренко, намояндагони ширкати "ЮМО", мулоқот карда, аз имкониятҳои мавҷуда дар вилояти Суғд, вазъи соҳаҳои иқтисод, саноати сабук, металлургия, коркади маҳсулоти заргарӣ, кишоварзӣ, боғу токпарварӣ ва моҳипарварӣ маълумот пешниҳод намуд.

Таъкид карда шуд, ки вилояти Суғд дорои имконияту захираҳои фаровон буда, ҷонибҳо метавонанд ҳаҷми гардиши савдоро беҳтар намоянд.

Сафари кории Раиси вилоят ба шаҳри Конибодом

Рӯзи 24 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом сафари корӣ анҷом дод.

Дар шаҳри Конибодом ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободонӣ тибқи нақша идома дорад. Дар баробари бунёди иншооти таъиноташ гуногун сохтмони муассисаҳои соҳаи маориф низ идома дошта, роҳбари вилоят сохтмони муассисаҳои томактабии рақами 1 ва 2-и шаҳрро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Чуноне маълумот дода шуд, баъди ба истифода додани кӯдакистони рақами 1 то 150 нафар ва дар кӯдакистони рақами 2 бошад 250 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Раиси вилоят бунёди муассисаҳои томактабиро амри зарурӣ ва талаботи рӯз арзёбӣ карда, барои бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини соҳаи сохтмон супоришҳо дод.

Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ

22 сентябр дар деҳаи Ярми деҳоти Лангари ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода​ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30 ба истифода дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар бинои қаблии муассиса шароити таълиму тарбия ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набуд ва бо бунёди бинои нав хонандагон дар бинои наву замонавӣ ба донишандӯзӣ машғул мешаванд. Дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи маориф, ки соҳаи калидӣ эътироф шудааст, таваҷҷуҳи хоса равона шуд ва дар натиҷа ҳазорҳо иншооти замонавӣ бунёд гардид, ки ба пешрафти кори таълиму тарбия замина фароҳам овард.

Зимни суҳбат бо хонандагону омӯзгорони муассиса Раиси вилоят​ иброз дошт, ки бо истифода аз шароити мавҷуда илму ҳунар омӯзанд, то дар зиндагӣ муваффақ шаванд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон ҳамчун ояндаи давлату миллат ҳамеша такя мекунад ва барои босавод ба камол расидани онҳо шароити муосид фароҳам овардааст.

Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ

29 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафар намуда, бо ҷараёни бунёдкориҳо шинос гардид.

Раиси вилоят нахуст аз ҶСП "Арвис Зелал текстайлз" боздид карда, рафти корҳои омодагӣ ва васлу насби таҷҳизот дар фабрикаи ресандагиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Ҳоло дар корхона ба таври таҷрибавӣ истеҳсолот ба роҳ монда шуда, беш аз 200 нафар занону духтарон нозукиҳои корро омӯхта истодаанд. Бо пурра омода шудани корхона то 500 нафар соҳиби ҷойи корӣ ва маоши хуб мегарданд.

Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти фабрикаи ресандагӣ бо саҳмгузории соҳибкорони тоҷику турк охири соли гузашта азсар кор гирифта шуда, таҷҳизоту технологияҳои зарурӣ ворид карда шудааст.