Дар доираи лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ба кишоварзони ноҳияи Деваштич техникаҳои кишоварзӣ супорида шуд

Бо идомаи татбиқи лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ба хоҷгагиҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич 13 адад трактори гуногунтамға, 1 адад экскаватор ва 29 адад мошинолоти кишоварзӣ супорида шуд.

Дар маросими супоридани техникаҳои кишоварзӣ ба аҳолӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, масъулини Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», роҳбарият ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ таъкид карда шуд, ки лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии кишоварзӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Деваштич ва Шаҳристон амалӣ гардида истодааст. Ҳадафи лоиҳа мусоидат ба рушди иқтисодӣ, беҳтар намудани дастрасии ҷомеа ба инфрасохтори истеҳсолии хизматрасонӣ, афзун намудани дастовардҳои соҳа ва дар натиҷа баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.

Аз оғози татбиқи лоиҳа тибқи дархост ва зерлоиҳаҳои мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ба ноҳияи Деваштич 40 трактори гуногунтамға, 8 комбайн, 1 экскаватор ва зиёда аз 100 мошинолоти гуногун дасрас гардидааст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода  ва муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ба хоҷагиҳое, ки дар доираи лоиҳаи болозикр соҳиби техника ва мошинолотҳо гардиданд, супориш доданд, ки дар мавсими кишту кори зироатҳои кишоварзӣ техникаҳоро самараноку мақсаднок истифода бурда, саҳми худро дар рушди соҳаи кишоварзӣ гузоранд.

Дар доираи лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ҳамзамон дар деҳаи Хуштоири Мухлони ноҳия як адад чоҳи амудӣ кофта, ба истифода дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд