Аёдати бошандагони Маркази хизматрасонии иҷтимоии шаҳри Конибодом

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом бошандагони Маркази хизматрасонии иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро аёдат карда, фарорасии Иди саиди Фитрро ба онҳо табрик гуфт.

Дар маркази мазкур ба 111 нафар хизмати иҷтимоӣ расонида шуда, нафароне, ки бо амри тақдир ба ғамхорӣ ниёз доранд,  нигоҳубин карда мешаванд.

Раиси вилоят аснои боздид гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табақаҳои ниёзманд, маъюбону барҷомондагон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда, барои дастгирии доимии онҳо тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Барои бошандагони маркази иҷтимоӣ дастархони идона ороста шуда, ба бошандагони муассиса туҳфаҳои идонаи Раиси вилоят супорида шуд.

Сипас, роҳбари вилоят аз бинои сохтмонаш нотамоми муассисаи давлатии Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр боздид кард. Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бино рӯзҳои наздик азсар гирифта шуда, барои фаъолияти кормандон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд