Аёдати оилаи Диловар Толибов ва Абдуҷаббор Бобоев

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оилаи Диловар Толибовро, ки ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ қаҳрамонӣ нишон додааст, аёдат кард.

Диловар Толибов хатмкардаи Донишгоҳи олии Қушӯнҳои сарҳадӣ буд ва дар вақти хизмат барои ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ҷоннисорӣ намудааст. Ба хотири гиромидошти хизматҳои марҳум кӯчае ба номи ӯ гузошта шудааст.

Дар сӯҳбат бо пайвандони диловари Ватан роҳбари вилоят таъкид кард, ки қаҳрамониҳои чунин фарзандони содиқ дар саҳифаҳои таърихи миллат абадан сабт мегардад.

Сипас, Раиси вилоят аз ҳоли собиқадори меҳнат Абдуҷаббор Бобоеви 87 сола хабар гирифт. Номбурда солҳои зиёд дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият дошта, айни замон дар иҳотаи фарзандону наберагон зиндагии осоишта дорад.

Ба аёдатшудагон аз тарафи роҳбари вилоят кӯмакҳои пулӣ ва маводи ғизоӣ дастрас карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд