Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони бинои ҲХДТ ва азнавсозии Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Конибодом

Дар шаҳри Конибодом сохтмони бинои маъмурии ҲХДТ дар шаҳр идома дошта, қариб 90 дарсади корҳо ба анҷом расонида шудааст. 

Зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои сохтмонӣ маълумот дода шуд, ки сохтмони бинои маъмурӣ соли 2018 оғоз ёфта, рӯзҳои наздик ба анҷом расонида мешавад. Бинои маъмурӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, саҳмгузории аъзои фаъоли ҳизб, соҳибкорону ташкилотҳои ибтидоӣ бунёд шуда, маблағи лоиҳавии он беш аз 1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар кўчаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳр ҷойгир буда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он барои кормандони ҳизб шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда хоҳад шуд.

Сипас, роҳбари вилоят корҳои азнавсозии Боғи фарҳангию фароғатии шаҳрро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Боғи мазкур дар масоҳати 2000 метри мураббаъ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва соҳибкорон азнавсозӣ гардида, дар ҳудуди боғи фарҳангӣ дар баробари бунёди фаввораҳо, суҳбаткадаҳо таҷҳизоти гуногун барои бозии бачагон васл карда мешавад. Корҳои таъмиру барқарорсозии иншооти фарҳангӣ соли 2021 оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ “Архикад” амалӣ шуда истодааст.

Раиси вилоят аснои боздид барои татбиқи пурраи лоиҳа, бунёди иншооти ёрирасон ва дар маҷмуъ ташкили макони муосири истироҳатӣ ба сокинон ба масъулон супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд