Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони иншооти соҳаи маориф дар шаҳри Конибодом

28 апрели соли ҷорӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ аз шаҳри Конибодом боздид намуд.

Раиси вилоят дар доираи сафар сараввал бо рафти бунёди иншооти соҳаи маориф шинос гардид. Чуноне маълумот дода шуд, тибқи нақша ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бунёди 40 адад иншооти соҳаи маориф дар назар дошта шуда, дар муассисаҳои таълимӣ қариб 5 ҳазор ҷойи нишаст ташкил мегардад. Дар ин самт корҳо оғоз ёфта, бунёди мактабу кӯдакистонҳо бомаром идома дорад. Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ сохтмони кӯдакистони нав идома дорад, ки барои 120 нафар пешбинӣ шудааст. Кӯдакистони нав бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва саҳмгузории аҳолӣ сохта шуда, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар маҷмуъ беш аз 3 миллион сомонӣ равона карда мешавад. Айни замон дар шаҳр 22 кӯдакистон фаъолият дошта, 4400 нафар хурдсолон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Ё худ дар деҳаи Маданияти Ҷамоати деҳоти Куҳандиёр барои хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 бинои нави таълимӣ сохта шуда, иншоот бо лавозимоти зарурии дарсӣ таъмин хоҳад шуд. Бинои нави таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дар як баст 320 нафар таҳсил мекунанд. Дар бунёди мактаби нав мақомоти давлатӣ ва соҳибкори инфиродӣ Анвар Иброҳимов саҳм гузошта, маблағи лоиҳавии сохтмон 8 миллион сомониро ташкил мекунад. Бинои куҳнаи мактаби мазкур соли 1968 сохта шуда, айни замон 374 хонанда дар он таҳсили худро давом дода истодаанд.

Дар муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 2 шаҳр бошад корҳои сохтмонии бинои нав шуруъ гардида, он бо саҳми соҳибкорону саховатмандон ва дастгирии мақомоти маҳаллӣ ба итмом расонида хоҳад шуд. Кӯдакистони нав барои 120 нафар пешбинӣ гардида, дар он шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо рафти корҳо таъкид кард, ки соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳамасола барои рушди соҳа маблағҳои зарурӣ ҷудо мегардад. Барои соҳаи маорифи вилоят дар семоҳаи якуми соли равон аз ҳисоби буҷети вилоят 270,2 млн. сомонӣ равона гардида, маблағгузорӣ ба ин соҳаи муҳим сол ба сол зиёд шуда истодааст. Раиси вилоят ҳамзамон барои бо сифати баланд бунёд намудани муассисаҳои соҳаи маориф ба роҳбарияти шаҳр супоришҳо дода, иброз дошт, ки ба таълиму тарбияи насли наврас ва дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо бояд диққати махсус зоҳир карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд