Шиносоии Раиси вилоят бо вазъи соҳаи тандурустӣ ва корҳои азнавсозию бунёдкорӣ дар соҳа

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд аз муассисаи хусусии тиббии хизматрасонии «Ортопедия ва технологияи муосир» боздид намуда, бо раванди хизматрасонӣ ба беморон ва шароити ин муассисаи нави тиббӣ аз наздик шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки он аз ҷониби соҳибкорӣ ватанӣ Фарҳод Ҳакимов таъсис дода шуда, сардухтури муассиса Шамсиддин Тошматов мебошад. Дар маркази хизматрасонии тиббӣ духтурони соҳибтаҷрибаи осебшиносӣ сарҷамъ гардида, дар як шабонарўз метавонанд то ба 30 нафар беморон хизмат расонанд.

Бино аз 3 ошёна иборат буда, табобат ва ҷароҳҳии бемориҳои гуногун аз ҷумла, эндопротескунонии буғуми кос ва буғуми зону, амалиётҳои реканструксионӣ, табобати таъҷилии шикасти устухон, табобат ва барқароркунии саломатии беморони гирифторшуда пас аз Ковид-19, ташхис ва табобати муртшавии устухонҳо ва остеохондрозҳо ва ғайраҳо роҳандозӣ гардидааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба фаъолияти кории ин маркази хизматрасонӣ баҳои баланд дода, аз роҳбарияти он даъват ба амал овард, ки зимни хизматрасонӣ аз таҷрибаҳои пешқадам ва технологияҳои пешрафта истифода намуда, барои фаъолияти густурдаи он тамоми беморонро аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз ҳудуди мамлакат ба табобат фаро гиранд.

 Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз корҳои таҷдиду азнавсозӣ  дар бинои асосии ҷарроҳию табоботии беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 ошноӣ пайдо намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои чорошёнаи ҷарроҳию табобатии беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба таҷдиду азнавсозӣ фаро гирифта шудааст. Бинои мазкур ҳанўз соли 1972-и асри гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, то ҳол аз таъмири кулл бароварда нашудааст. Дар бинои номбурда шуъбаҳои қабул, эҳё, ҷарроҳҳии фасоднок, ҷарроҳии калонсолон, осеби хурдсолон, осеби калонсолон, бемориҳои сўхта, ҷарроҳии бачагона, корпуси ҷарроҳикунонӣ ва ғайраҳо ҷойгир карда шуда, маҷмуан беш аз 250 кати табобатӣ барои беморонро фаро мегирад.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо лоиҳаи ангории таҷдиду азнавсозии бинои ҷарроҳию табобатии беморхона таъкид намуд, ки дар заминаи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба соҳаи тандурустӣ афзудааст. Зеро талаботи замони муосир моро водор месозад, ки ба шароити табобату муолиҷа ва барқароркунии саломатии шаҳрвандон аҳмияти хоса диҳем.

Ҷоиз ба зикр аст, ки бинои мазкури беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 бо дарназардошти талаботи муосири тиббӣ давоми соли ҷорӣ пурра таҷдиду азнавсозӣ гардида, имконияти хуберо барои сокинони шаҳр ва атрофи он баҳри ба ташхису табобат фаро гирифтан муҳайё карда мешавад.

Зимни боздид аз майдонҳои ҳудуди беморхона аз ҷониби роҳбарияти вилоят ба масъулини шаҳрдорӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати истироҳату фароғати беморон ва пайвандони онҳо беҳтарин шароити тафреҳӣ муҳайё карда шавад. Саҳни иншоот низ мувофиқ ба талаботи меъморӣ бунёд гардад ва барои сайру гашти табобатгирандагон ва ташрифи аёдаткунандагон имконияти зарурӣ фароҳам оварда шавад.

Бояд қайд намуд, ки дар ҳудуди беморхонаи мазкур бунёди бинои истгоҳи “Ёрии таъҷилӣ” ва ошхонаи замонавӣ низ бомаром идома дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд