26 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Айнӣ чанде аз ниёзмандонро аёдат карда, ба оилаҳои аёдатшудагон кумакҳои моддӣ расонид.
Раиси вилоят аз ҳоли сокини деҳаи Рарз Ҷовид Ҳакимзодаро, ки маъюби гуруҳи якум аст, хабар гирифта, аз дӯкони кории ӯ боздид кард. Ҷовид новобаста аз бемории худ ба дӯхту таъмири пойафзол машғул буда, барои таъмини эҳтиёҷоти худ меҳнат мекунад. Раҷаббой Аҳмадзода ба кори ин ҷавон, ки мушкили ҳамдеҳагонашро осон месозад, баҳои баланд дода, амали ӯрои шоистаи таҳсин арзёбӣ намуд.
Раиси вилоят ҳамзамон сокини деҳаи Шаватки поён, маъюби гуруҳи якум Анзурат Боқиева ва сокини деҳаи Шамтуч Азизмоҳ Асадоваро, ки оилаи ниёзманд маҳсуб меёбад, аёдат намуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд