
18 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни корҳои созандагиву ободонӣ аз наздик шинос шуд.
Чуноне маълумот дода шуд, дар шаҳри Конибодом бо истифода аз техникаҳои зарурӣ корҳои тозакунии каналу заҳбурҳо идома дошта, ин тадбир дар самти беҳтар намудани таъминоти хоҷагидорон бо об нақши муассир дорад. Аз ҷумла, тоза намудани канали калони Фарғона имкон фароҳам меорад, ки дар мавсими киштукор обёрии заминҳо бидуни мушкил сурат бигирад.
Раиси вилоят зимни сӯҳбат бо роҳбарияти шаҳр ва масъулини соҳаи кишоварзиву обёрӣ бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат баён гардида буд, таъкид намуд, ки бояд ба масъалаи рушди соҳаи кишоварзӣ диққати махсус дода шавад.
Таъкид карда шуд, ки масъулин ва деҳқонону кишоварзонро зарур аст, ки бо истифодаи самаранок аз обу замин ҳосили фаровон ба даст оварда, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзанда гузоранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




