Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Зафаробод

22 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Зафаробод сафар намуда, бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия шинос гардид.

Зимни сафар роҳбари вилоят нахуст дар деҳаи Навбаҳори Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ чоҳи амудиро мавриди истифода қарор дод. Чоҳи амудӣ барои оби нӯшокӣ дар деҳаи Навбаҳор бо иқдоми оилаи Ҳасановҳо бо шумули маблағҳое, ки барои адои ҳаҷ пасандоз гардида буд, кофта шудааст.

Деҳаи Навбаҳор соли 2009 ташкил ёфта, мардуми ин деҳа аз деҳаи Даҳкат, Ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи Деваштич чун мухоҷирони экологӣ ба ноҳияи Зафаробод оварда шудаанд. Шумораи аҳолии деҳа 1440 нафарро ташкил мекунад.  

Маблағи умумии сарфшуда барои кофтани чоҳи амудӣ 530 ҳазор сомонӣ буда, чуқурии чоҳ зиёда аз 150 метр аст. Бо дарозии 7 километру 200 метр хати оби нӯшокӣ кашида шуд, 68 нуқтаи обрасонӣ барои аҳолӣ таъсис дода шуд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон иқдоми мазкурро шоистаи пайравӣ арзёбӣ карда, илова намуд, ки имрӯзҳо дар тамоми қаламрави вилоят корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат ёфта истодаанд. Дар баробари мақомоти давлатӣ сокинон низ барои ободонии маҳал саҳмгузорӣ намуда истодаанд, ки ин гувоҳи ободкору созанда будани мардуми тоҷик аст.

Сипас, роҳбари вилоят бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Ҳамза” -и Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Ганҷ“, воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод шинос гардид.

Хоҷагии деҳқонии “Ҳамза” соли 1995 ташкил шуда, дар он 5 саҳмдор фаъолият доранд. Он дорои 10,54 га заминҳои корами обӣ буда, дар 6 гектар кишти пахтаи навъи “Дустӣ”, 1 гектар ҷав ва 1,54 га беда гузаронида шудааст. 

Раиси вилоят аснои боздид ба роҳбарияти ноҳия барои нигоҳубини пахта ва бо баланд бардоштани ҳосилнокӣ зиёд намудани истеҳсоли ашёи хоми стратегӣ супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд