Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дод.
Дар шаҳри Исфара Раиси вилоят нахуст бо фаъолияти кишоварзон таваҷҷуҳ зоҳир карда, дар Кооперативи тиҷоратии «Навгилем» ва Кооперативи тиҷоратии «Чоркуҳ» бо деҳқонон вохӯрӣ намуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, Кооперативи тиҷоратии «Навгилем» дорои 270 гектар замин ва 540 гектар боғ буда, кишоварзон бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавворӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Дар ин кооператив 120 гектар гандум, 50 гектар ҷуворимакка, 5 гектар помидор, 30 гектар картошка ва дар заминҳои боқимонда лаблабу ва хӯроки чорво кишт кардаанд. Умед доранд аз хар гектар замини гандум кишт шуда то 51 сентнери хосли чамовари намуда истодаанд. Дар кишти такрори бошад дар майдони 70 гектар замин турб, шалгам,сабзи ва зироатхои лубиёги кишт менамоянд.
Кооперативи тиҷоратии «Навгилем» инчунин ба шабакаи зотпарварии ҷумҳурии шомил буда, наздик 500 сар чорвои сиёҳало парвариш мекунад.
Кооперативи тиҷоратии «Чоркуҳ» аз хоҷагиҳои тухмипарвар буда, дар маҷмуъ дорои 700 гектар замин аст. Кишоварзони ин кооператив соли ҷорӣ дар наздик 100 гектар гандум кишт кардаанд ва айни ҳол ҷамъоварии ҳосил идома дорад. Гандуми истеҳсолшуда асосан асосан ҳамчун тухмӣ истифода шуда, дигар шаҳру ноҳияҳро бо гандуми тухмӣ таъмин хоҳад кард.
Раиси вилоят ба кори кишоварзон баҳои баланд дода, барои истифодаи самараноки замин, замини боғот, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот ва таъмини фаровонӣ супоришҳо дод.
Сипас, роҳбари вилоят бо фаъолияти корхонаи «Баракат Исфара» шинос шуд. Дар корхона аз меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон навъу намудҳои гуногуни шириниҳо, яъне шоколад истеҳсол гардида, маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза дар бозори дохил ва хориҷ талаботи зиёд дорад. Корхона имкон дорад дар рӯз 1 тонна ва дар як моҳ 26 тонна маҳсулот истеҳсол намояд. Маҳсулоти корхона ба хориҷи дуру наздик содирот шуда истодааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд