Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дода, бо фаъолияти пойгоҳи обкашӣ, вазъи корҳои саҳроӣ ва сохтмони иншооти ҷашнӣ шинос гардид.

Зимни боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Янтоқ -1” иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади беҳтар кардани вазъи обрасонӣ барои ин пойгоҳ агрегатҳои наву замонавӣ харидорӣ карда карда шуд. Ин тадбир дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида бо дастгириҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят амалӣ гардид.

Пойгоҳи обкашии “Янтоқ-1” аз соли 1960 инҷониб фаъолият дошта, он дорои 11 дастгоҳи пуриқтидори обкашӣ мебошад. Ҳамасола барои таъмиру омодасозии дастгоҳҳои обкашии пойгоҳ ба мавсими киштукор маблағҳои зарурӣ ҷудо мегардад.

Тавассути пойгоҳи обкашии “Янтоқ -1” беш аз 10 ҳазор гектар заминҳои Ҷамоати шаҳраки Бӯстон ва деҳоти Навбаҳор обёрӣ карда мешаванд. Ин пойгоҳ аз иншооти асосии обрасонии ноҳия – канали “Тоҷикистон” обро ба баландии 26 метр бароварда, тавассути каналҳои обрасонӣ ба заминҳои кишоварзӣ ҷорӣ менамояд.

Бо ба кор андохтани дастгоҳҳои обкашии нав таъминоти оби полезӣ беҳтар гардида, заминҳои кишоварзие, ки аз сабаби норасоии об танқисӣ мекашиданд, шодоб мегарданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳияи Мастчоҳ 17 пойгоҳи обкашӣ мавҷуд буда, тавассути онҳо зиёда аз 20 000 гектар замин обёрӣ мешаванд.

Раиси вилоят дар идомаи сафар аз заминҳои пахта боздид карда, барои обёрии муназзами киштзор ба масъулин супоришҳо дод.

Роҳбари вилоят ҳамзамон сохтмони иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла бинои беморхона, коргоҳи забҳи паранда ва фермаи парандапарвариро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, ба роҳбарияти ноҳия барои тақвияти корҳои ободониву созандагӣ супоришҳо дод.

Раҷаббой Аҳмадзода дар охир аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд