Рӯзи 24 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом сафари корӣ анҷом дод.
Дар шаҳри Конибодом ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободонӣ тибқи нақша идома дорад. Дар баробари бунёди иншооти таъиноташ гуногун сохтмони муассисаҳои соҳаи маориф низ идома дошта, роҳбари вилоят сохтмони муассисаҳои томактабии рақами 1 ва 2-и шаҳрро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Чуноне маълумот дода шуд, баъди ба истифода додани кӯдакистони рақами 1 то 150 нафар ва дар кӯдакистони рақами 2 бошад 250 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Раиси вилоят бунёди муассисаҳои томактабиро амри зарурӣ ва талаботи рӯз арзёбӣ карда, барои бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини соҳаи сохтмон супоришҳо дод.
Дар идомаи сафар роҳбари вилоят дар маркази шаҳр бо сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ шинос шуда, зимни суҳбат бо намояндагони ширкати сохтмонии ҶДММ «Шарора» таъкид намуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ дар мамлакат корҳои созандагиву ободонӣ вусъат ёфта, соҳибкорон дар амалӣ шудани нақшаҳои нек саҳми шоиста мегузоранд.
Таъкид шуд, ки ҳамаи иншооти бунёдшаванда мутобиқ ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣ сохта шуда, ба сифтаи корҳо диққати бештар равона карда шавад. Тибқи иттилои масъулин дар ин мавзеъ аз ҷониби ширкати сохтмонии «Шарора» 4 бинои бисёрошёна бо фарогирии 260 хонаи 1, 2 ва 3 ҳуҷрагӣ сохта шудааст.
Сохтмончиён нақша доранд, ки иншооти сохташавандаро дар муҳлати пешбинишуда бо сифтаи баланд ба истфида диҳанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд