Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ

22 сентябр дар деҳаи Ярми деҳоти Лангари ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода​ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30 ба истифода дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар бинои қаблии муассиса шароити таълиму тарбия ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набуд ва бо бунёди бинои нав хонандагон дар бинои наву замонавӣ ба донишандӯзӣ машғул мешаванд. Дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи маориф, ки соҳаи калидӣ эътироф шудааст, таваҷҷуҳи хоса равона шуд ва дар натиҷа ҳазорҳо иншооти замонавӣ бунёд гардид, ки ба пешрафти кори таълиму тарбия замина фароҳам овард.

Зимни суҳбат бо хонандагону омӯзгорони муассиса Раиси вилоят​ иброз дошт, ки бо истифода аз шароити мавҷуда илму ҳунар омӯзанд, то дар зиндагӣ муваффақ шаванд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон ҳамчун ояндаи давлату миллат ҳамеша такя мекунад ва барои босавод ба камол расидани онҳо шароити муосид фароҳам овардааст.

Расии вилоят аз сокинони деҳаи Ярми деҳоти Лангари ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ даъват ба амал овард, ки дар тарбияи фарзандон саҳми бештар гузошта, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ба камол расонанд. Дар ин самт ҳамкории зичи падарону модарон бо ҷомеаи омӯзгорон муҳим дониста шуд. Таъкид гардид, ки солҳои охир ба масъалаи бунёди муассисаҳои таълимиии наву замонавӣ дар деҳоти дурдаст таваҷҷуҳи хоса равона шуда, бо маблағгузории Ҳукумати мамлкат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят,​ мақомоти маҳаллӣ ва саҳми шахсони саховатманд шароити таълиму тарбия ба талаботи рӯз мутобиқ карда мешавад. Бо истифода аз ин шароит кормандони соҳаи маориф ҷиҳати ноил гардидан ба даствоардҳои бештар кӯшиш ба харҷ дода, дар тарбяи насли ояндасоз саҳм гузоранд.

Дар идома роҳбари вилоят дар деҳаи Сабағи деғоти Лангар бинои маркази саломатиро, ки солҳои зиёд ба таъмир ниёз дошту пурра таъмир гардидаааст, мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.​ Маълумот дода шуд, ки бинои маркази саломатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи "Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон"-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру навсозӣ шудааст.

Дар ноҳия бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифаит хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар баробари харидории таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ марказҳои саломатӣ таъмиру навсозӣ гардида, дар 7 маркази саломатӣ чунин иқдоми нек амалӣ шудааст. ​ Мардуми ноҳия аз ин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ хушҳол гардида, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуданд.

Дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ бо тадбирандешиҳо дар самти зиёд намудани майдони заминҳои корам беш аз 100 гектар заминҳои нав обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешавад. Дар деҳоти Лангар бо иштироки Раиси вилоят​ хатти оби полезӣ ба истифода дода шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминҳое, ки бо сабаби набудани об кишт карда намешуданд, обёрӣ ва бо ин васила майдони зироатҳои кишоварзӣ зиёд хоҳад шуд. Бахусус зиёд шудани​ ҳаҷми истеҳсоли картошка дар ин ноҳия дар натиҷаи азхудкунии заминҳо ва истифодаи тухмиҳои хушсифату серҳосил ба даст омадааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд