12 сентябри соли 2021 Раиси вилояти Суғд бо мақсади иштирок дар бозкушоии як қатор иншоот ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба шаҳри Конибодом сафар намуд.
Раҷаббой Аҳмадзода нахуст дар деҳоти Фирӯзоба бинои бунгоҳи тиббиро мавриди истифода қарор дод. Бунгоҳи тиббӣ дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва саҳмгузории сокинону соҳибкорон ба маблағи 220 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар он 5 нафар кормандони соҳаи тиб ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Сипас, Раиси вилоят дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 ширкат варзид. Роҳбари вилоят зимни ифтитоҳи иншооти мазкур ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолро ба сокинони деҳоти Фирӯзоба табрик гуфта, таъкид кард, ки ба истиқболи ҷашни миллӣ дар саросари вилоят ҳазорҳо иншооти гуногун ба истифода дода шуд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, ҳамасола дар вилоят даҳҳо иншооти варзишӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Чуноне иттилоъ дода шуд, майдончаи варзишӣ барои бозии футбол аз ҷониби соҳибкор Сатторов Фахриддин ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст.
Дар идомаи сафар роҳбари вилоят корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 2, бинои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7 ва 15-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои дар муҳлати пешбинишуда ба истифода додани иншоот ва ба ободонӣ фаро гирифтани ҳудуди иншооти бунёдшаванда супоришҳо дод.
Боиси зикр аст, ки бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии №2 барои 200 кӯдак бо дастгирии мақомоти давлатӣ ва саҳмгузории соҳибкорону саховатмандон бунёд шуда, тибқи лоиҳа дар он 12 нафар соҳиби ҷойи кор мегарданд.
Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 бошад барои 480 хонанда пешбинӣ шуда, лоиҳакаши иншоот ҶДММ «Суғдлоиҳакаш» ва пудратчии асосӣ «ҶДММ «Сифатсохтмон» мебошанд.
Бинои нави муассисиаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 барои 340 хонанда дар як баст сохта шуда, лоиҳакаши иншоот ҶДММ «Суғдлоиҳакаш» ва пудратчӣ «Кандсохтмон» аст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд