29 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафар намуда, бо ҷараёни бунёдкориҳо шинос гардид.
Раиси вилоят нахуст аз ҶСП "Арвис Зелал текстайлз" боздид карда, рафти корҳои омодагӣ ва васлу насби таҷҳизот дар фабрикаи ресандагиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Ҳоло дар корхона ба таври таҷрибавӣ истеҳсолот ба роҳ монда шуда, беш аз 200 нафар занону духтарон нозукиҳои корро омӯхта истодаанд. Бо пурра омода шудани корхона то 500 нафар соҳиби ҷойи корӣ ва маоши хуб мегарданд.
Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти фабрикаи ресандагӣ бо саҳмгузории соҳибкорони тоҷику турк охири соли гузашта азсар кор гирифта шуда, таҷҳизоту технологияҳои зарурӣ ворид карда шудааст.
Раиси вилоят ба муассисони фабрикаи калони ресандагӣ барои пурра омода намудани корхона, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ, дар оянда ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти тайёр тавсияҳо дод.
Дар идомаи сафар роҳбари вилоят ҳамзамон бо сохтмони фабрикаи парандапарварӣ ва фермаи чорвопарварии ҶДММ "Некбахт", сардхона барои нигаҳдории маҳсулот бо ғунҷоиши 400 тонна, меҳмонхонаи замонавии "Раҳим", коргоҳи коркард ва банду басти чормағзи заминии ҶДММ "Ҷаъфар-2104", бинои нави Маркази ташхисӣ ва табобатии "Сино" ва коргоҳи пойафзолбарорӣ шинос шуда, барои тақвияти корҳои ободониву созандагӣ супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд