Боғдорони шаҳри Конибодом ба ҷамъоварӣ ва содироти навъи пешпазаки зардолу оғоз бахшида, то имрӯз беш аз 500 тонна зардолу содирот намуданд. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Конибодом иттилоъ дода шуд.
Раиси вилоят дар шаҳри Конибодом бо рафти ҷамъоварӣ, банду баст ва содироти зардолу шинос гардида, барои пурра ҷамъоварӣ намудани ҳосил ба масъулину боғдорон тавсияҳо дод. Тавре иттилоъ дода шуд, дар Конибодом 12 ҳазор гектар боғи зардолу мавҷуд буда, ҳосили интизорӣ дар соли равон 30 ҳазор тоннаро ташкил мекунад. Боғдорон имрӯзҳо навъҳои пешпазаки зардолуро чида, ба кишварҳои Россия ва Қазоқистон содирот намуда истодаанд. Аз ҷониби соҳибкорон сардхонаҳои замонавӣ ташкил гардида, меваи чидашуда пас аз банду баст содирот карда мешавад. Нархи як килограм зардолу вобаста ба навъу сифат аз 2-3 то 8 сомонӣ буда, боғдорон аз ин ҳисоб даромади хуб мегиранд.
Раиси вилоят дар суҳбат бо боғдорон таъкид кард, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ рушди боғу токпарварӣ таъмин гардида, ҳамасола садҳо гектар боғоти нав бунёд мегардад. Меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон дар хориҷ харидорони худро дорад ва боғдорон метавонанд маҳсулоти худро фурӯхта даромади хуб ба даст оранд.
Аз ҷониби Раиси вилоят ҳамзамон ба масъулин ҷиҳати расонидани кӯмак ба боғодорон дар фурӯши маҳсулот супоришҳо дода шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд