Сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Айнӣ

11 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Айнӣ сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни кишти зироатҳо,​ тарзи истифодабарии замин ва бунёдкориҳо дар ноҳия шинос гардид.

Дар Ҷамоати деҳоти Рарз роҳбари вилоят фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва маданияти заминистифодабарии сокинонро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Мусаллам аст, ки истифодаи оқилонаи замин омили асосии рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ буда, дар ноҳияи Айнӣ ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар порча замин самаранок истифода мегардад. Сокинони ноҳия дар шароити куҳистон ҳар як ваҷаб заминро мақсадноку оқилона истифода бурда, зиндагии худро таъмин ва боқимондаи маҳсулотро ба фурӯш мегузоранд.

Сокини деҳаи Рарз Ҷаҳонгирхон Сироҷиддинов дар замини наздиҳавлигии худ парвариши картошкаро ба роҳ монда, бо маблағи аз деҳонӣ ба дастовардааш​ зиндагии обуду осоишта дорад. Ӯ ҳар сол то ду —​ се ҳосил рӯёнида, илова бар ин ба чорводорӣ низ машғул аст.​ Зимни шиносоӣ Раиси вилоят ба фаъолияти ин деҳқони соҳибтаҷриба баҳои баланд дода, таъкид кард, ки тарзи кори чунин кишоварзон бояд дар дигар оилаҳо низ тарғиб карда шавад.

Тазаккур бояд дод, ки тибқи нақша соли равон дар ноҳияи Айнӣ дар 1070 гектар кишти картошка ба роҳ монда хоҳад​ шуд, ки нисбат ба соли гузашта 50 гектар зиёд аст. Ҳангоми боздид аз хоҷагии деҳқонии «Рарз» Раиси вилоят аз кишоварзон даъват намуд, ки ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, обу заминро оқилона истифода намоянд ва дар рушди картошкапарварӣ, боғдориву чорводорӣ беш аз пеш саҳмгузор бошанд.

Сипас, Раиси вилоят дар километри 22-24-уми роҳи автомобилгарди Айнӣ-Куҳистони Мастчоҳ бо корҳои барқароркунии роҳ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос шуд. Бо сабаби баланд шудани сатҳи оби дарёи Зарафшон ин қитъаи роҳ вайрон гардида, рафту омади сокинон бо мушкилӣ сурат мегирифт. Барои таъмини бехатарии ҳаракат бо ҷалби техникаҳои зарурӣ барқарорсозии роҳ идома дошта, то имрӯз беш 25 ҳазор метри мукааб сангу шағал дар соҳили дарё хобонида шудааст.

Раиси вилоят барои ба итмом расонидани корҳо ва ҳарчи зудтар бартараф намудани мушкилӣ ба масъулини идораи роҳҳо супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд