Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони як қатор иншооти гуногун идома дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ҷамоат шинос гардида, барои тақвиятбахшии корҳои сохтмонӣ, сарсабзу хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳо ва чароғонкунии ҷойҳои ҷамъиятӣ ба роҳбарияти ноҳия супоришҳо дод.
Бояд гуфт, ки дар Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъача сохтмони майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дошта, он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохта мешавад. Масоҳати майдон 0,25 га буда, дар он гулгашту фаввораҳо ва нишастгоҳҳо бунёд ва ҳудуди майдон сабзазор карда мешавад.
Дар ҷамоат ҳамзамон бо мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва саҳмгузории соҳибкорон бунёди маркази ташхисӣ-тиббӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, коргоҳи коркарди мева идома дошта, бо фаро расидани фасли баҳор ва Наврӯзи байналмилал корҳои созандагӣ ва ободонӣ вусъат ёфта истодааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд