Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд корҳои ободониву бунёдкорӣ ҷараён дорад.
13 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти бунёдкориҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд шинос шуд ва барои иҷрои босифати корҳо ба масъулин супоришҳо дод.
Тавре маълумот дода шуд, бо ташаббуси роҳбарияти фурудгоҳ бунёду азнавсозии меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон” барои 178 нафар бо 20 ҷойи корӣ, чойхонаи замонавӣ барои 240 мизоҷ ва тарабхона барои 240 мизоҷ бо 10 ҷойи корӣ, гармхона дар масоҳати 1,2 гектар барои парвариши гулҳои мавсимӣ ва сабзавот бо 20 ҷойи корӣ, коргоҳи дўзандагӣ ва коргоҳи бофандагӣ бо даҳҳо ҷойи нави корӣ идома дошта, иншооти зикршуда туҳфаи арзанда ба ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад.
Раиси вилоят бунёди иншоотро барои бо ҷойи корӣ таъмин намудани шаҳрвандон ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мизоҷон саривақтӣ арзёбӣ карда, барои вусъатбахшии корҳои ободонӣ тавсияҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд