Дар доираи сафари корӣ ба Федератсияи Россия ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Москва ташриф овард.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳамроҳонаш аз вилояти Нижегород ба шаҳри Москва омада, бо роҳбарияти гурӯҳи ширкатҳои "БТК Групп" мулоқот намуданд.
Михаил Бочерев, директори генералии гурӯҳи ширкатҳои "БТК Групп" аснои мулоқот иттилоъ дод, ки ширкати мазкур бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ дошта, тибқи он барои кишти пахта дар вилояти Хатлон сармоягузорӣ намуда, дар шаҳри Душанбе дӯхти либосҳои пахтагинро ба роҳ мондаанд ва роҳандозии ҳамкориҳо дар вилояти Суғд низ имконпазир аст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат қайд кард, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин ҳамкориҳои ду кишвари дӯст дар ҳоли рушд аст. Соҳибкорони вилояти Суғд дар вилояти Нижегороди Федератсияи Россия қарор доштанд ва 13 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд, ки умед аст дар оянда мубодилаи молу маҳсулот афзоиш ёбад.
Раиси вилоят ҳамзамон аз ҳадафи стратегӣ эълон гардидани саноатикунонии мамлакат ёдовар шуда, таъкид кард, ки дар вилояти Суғд саноати сабук рушд кардааст. Фаъолияти назарраси корхонаҳои "Ҷавонӣ" ва "САТН" метавонад далели ин гуфтаҳо бошад, ки маҳсулоти ин корхонаҳо 90 фоиз содирот карда мешавад.
Раҷаббой Аҳмадзода доир ба вазъи иқтисодии вилоят маълумот дода, иброз дошт, ки ҳамасола то 150 ҳазор тонна пахта истеҳсол мегардад ва имкониятҳо барои тавсеаи ҳамкориҳо фаровон аст. Таваҷҷуҳи сармоягузорони рус ба ноҳияи Спитамен ҷалб карда шуд, ки дар ин ноҳия ҳамасола кишти пахта ба роҳ монда шуда, дар заминаи корхонаи "СпитаменТекстайл" метавон коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоиро ба роҳ монд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои дастгирии хоҷагиҳои пахтакори ноҳия ва тавсеаи фаъолияти корхонаи "СпитаменТекстайл" сармоягузорӣ карда шуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис шавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд