Дар толори Палатаи савдо ва саноати вилояти Нижегороди Федератсияи Россия бизнес-форуми доираҳои тиҷоратии вилояти Суғд ва вилояти Нижегород баргузор гардид.
Дар кори бизнес — форум Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, и.в губернатори вилояти Нижегород Андрей Гнеушев, роҳбарон ва намояндагони Палатаи савдо ва саноати вилоятҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, соҳибкорону тоҷирон ва роҳбарони корхонаву ширакатҳои ду вилоят иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат дар бизнес-форум вобаста ба вазъи иқтисодиёти вилоят, рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ маълумот дода, қайд намуд, ки барои амалисозии иқдомҳои наву манфиатбахш дар ҳамаи соҳаҳо имкониятҳо фаровон аст.
Тоҷикистону Федератсияи Россия шарикони стратегӣ буда, бо сиёсати оқилонаи сарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин дар тамоми бахшҳо ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст. Гардиши молу маҳсулот миёни вилояти Суғд ва минтақаҳои Федератсияи Россия дар соли гузашта 616,6 миллион долларро ташкил дода, потенсиалҳои мавҷуда имкон медиҳанд, ки ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот ба маротиб зиёд карда шавад.
Ба таъкиди Раҷаббой Аҳмадзода соҳибкорони ду вилоят метавонанд дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз пахта, истихроҷу коркарди маъдан ва металҳои қиматбаҳо, дорусозӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, гӯшту шир, мошинсозӣ ҳамкориҳоро тақвият бахшанд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар доираи бизнес-форум доираҳои соҳибкории ду вилоят бо имкониятҳои ҳамдигар хубтару беҳтар шинос шуда, тарҳҳои наву судбахшро амалӣ менамоянд.
Губернатори вилояти Нижегород Андрей Гнеушев низ вобаста ба вазъи иқтисодии ин вилоят ва роҳҳои рушди ҳамкориҳо ибрози назар намуда, илова намуд, ки барои иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарони олии ду кишвар дар самти рушди муносибатҳо аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.
Дар кори бизнес-форум масъулини идораҳои давлатии ду вилоят доир ба имкониятҳои ду тараф маълумот доданд. Аз ҷумла, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов доир ба навгониҳои соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят, сармоягузорӣ ва захираву имкониятҳои мавҷуда дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ маълумот дод.
Сипас, мулоқоти рӯ ба рӯи соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Нижегород ҷараён гирифта, дар охир миёни корхонаву ширкатҳои истеҳсолии вилоятҳо 13 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд