Аёдати собиқадорони меҳнат ва беморон дар шаҳри Конибодом

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнат ва беморонро аёдат кард.

Раиси вилоят аз ҷумла аз ҳоли собиқадорони меҳнат Тӯйчибой Ҳоҷибоев ва Қумриҷон Баротова хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои модии худро расонид. Чуноне иттилоъ дода шуд, Тӯйчибой Ҳоҷибоев солҳои зиёд дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, хизмати давлатӣ, идораи барқ кор кардааст. Қумриҷон Баротова бошад дар хоҷагии ба номи Энаҷон Бойматова ба ҳайси коргар ва ҳам сармуҳосиб фаъолият дошт.

Раиси вилоят ҳамзамон Фирдавс ва Нилуфар Мадаминовҳоро, ки бо амри тақдир ҳарду маъюб ҳастанд, аёдат карда, ба оилаи онҳо кӯмакҳои пуливу моддӣ тақдим намуд.

Аёдатшудагон барои дастгириҳои доимӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд