Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Конибодом шинос гардид.

Зимни сафар ба шаҳри Конибодом роҳбари вилоят нахуст аз комендатураи сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуд. Чуноне иттилоъ дода шуд, дар комендатура барои зимистонгузаронӣ маводи сӯхт ва маҳсулот захира гардида, иншооти асосӣ ва ёрирасон бо гармӣ таъмин мебошад. Дар суҳбат бо масъулин роҳбари вилоят иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини қисмҳои низомӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд ва барои афсарону сарбозон шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

Дар Ҷамоати деҳоти Куҳандиёри шаҳри Конибодом шудгори заминҳо идома дошта, масъулини соҳаи кишоварзӣ барои мавсими нави киштукор омодагӣ мебинанд. Аснои боздид аз рафти шудгори заминҳои ҷамоат ба роҳбари вилоят иттилоъ доданд, ки дар Куҳандиёр 1922 гектар замини корам мавҷуд буда, дар 1400 гектари он пахта кишт карда мешавад. Барои шудгори заминҳо 29 техника омодаи кор аст. Раиси вилоят барои сари вақт ба охир расонидани шудгори замин, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ба роҳбарияти шаҳр супоришҳо дод.

Раиси вилоят ҳамзамон корҳои васлу насби қубурҳо ва бунёди пойгоҳи обкашӣ дар ҷамоати ба номи Раҷаб Ҳамроев, сохтмони бинои нави мактаби рақами 48 дар деҳаи Сомониён, сохтмони маркази савдо ва тарабхонаи соҳибкор Соҳиба Исроилова, маркази савдо ва хизматрасонии соҳибкор Мавҷуда Шарипова, бинои муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 2 шинос шуда, барои бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои пешбинишуда ба истифода додани иншоот ба масъулин супоришҳо дод.

Бояд таъкид кард, ки дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конибодом бунёду азнавсозии 41 муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.  Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 яке аз чунин иншооти ҷашнӣ буда, барои 480 пешбинӣ гардидааст.

Раиси вилоят сипас аз корхонаи равғанбарории шаҳри Конибодом, ки аз корхонаҳои маъруфу азими истеҳсоли равған дар гузашта буд, боздид кард. Ҳангоми шиносоӣ бо вазъи кунунии корхона маълумот дода шуд, ки соҳибкорон бо шарикони хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, тасмим доранд, ки корхонаро барқарор намоянд. Раҷаббой Аҳмадзода аз ташаббуси соҳибкорон истиқбол намуда, барои ҳарчи зудтар оғоз намудани корҳо тавсияҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд