Шиносоӣ бо сохтмони мактаб ва рафти таъмири пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияи Зафаробод

16 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод бо ҷараёни корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои дуошёнаи таълимӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои 600 хонанда сохта мешавад. Мактаби нав тибқи лоиҳа дорои синфхонаҳои фаннӣ, утоқҳои ёрирасон, толори варзишӣ, ошхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ мебошад.

Раиси вилоят аснои шиносоӣ барои дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд омода намудани иншоот ба роҳбарияти ноҳия ва масъулони Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд супоришҳо дод.

Дар идомаи сафар роҳбари вилоят рафти корҳои таъмиру омодасозии пойгоҳҳои обкашии ноҳияро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Таъкид карда шуд, ки барои омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ҳамасола аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маблағҳои зарурӣ ҷудо мегардад. Соли равон низ пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафаробод пурра омода шуда, заминҳои кишоварзии ноҳия бо оби полезӣ таъмин карда хоҳад шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти ноҳия дастур дод, ки корҳои таъмиру омодасозии пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими нави обёриро зери назорат қарор дода, агрегатҳоро омода созанд.

Раиси вилоят ҳамзамон бо фаъолияти ҶДММ «ДСМ-19», ки ба коркарди пахта ва истеҳсоли равған машғул аст, шинос гардида, барои истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, коркарди пурраи пахта ва зиёд намудани истеҳсоли равған тавсияҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд