Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод иқдомҳои саривақтиву судманд, ки барои баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад, амалӣ карда мешавад.
16 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳия бо лоиҳаи боғҳои суперинтенсивӣ, сардхона, фермаи чорвопарварӣ, ҳавзҳои моҳипарварӣ шинос гардид. Тавре ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи А.Ҷомии ноҳия аз ҷониби соҳибкорон иншооти гуногун бунёд карда мешавад. Аз ҷумла бо ташаббуси соҳибкорон бунёди боғи суперинтенсивӣ дар масоҳати 5 гектар, 2 адад сардхона бо ғунҷоиши 400 тонна маҳсулот, 2 ферма барои парвариши чорво, ҳавзҳои моҳипарварӣ ба нақша гирифта шуда, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳад шуд.
Раиси вилоят аснои шиносоӣ бо лоиҳаҳои иншоот ба соҳибкорону роҳбарияти ноҳия барои татбиқи пурраи лоиҳаҳо, истифодаи иқтидорҳои мавҷуда, ҷалби соҳибкорон ба корҳои ободониву созандагӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмуъ баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд