Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ дар ноҳияи Ашт бунёди фабрикаи мурғпарварӣ ба роҳ монда шуда, аксари корҳо ба сомон расонида шудааст.
Фабрикаи мурғпарварӣ барои 48 ҳазор сар паранда пешбиниӣ гардида, дар он мурғ барои истеҳсоли гӯшт парвариш карда мешавад. Дар марҳилаи дуввум бошад, саршумори паранда то ба 96 ҳазор расонида хоҳад шуд. Баробари ба кор андохтани фабрикаи мурғпарварӣ ноҳия бо гӯшти паранда пурра таъмин гардида, сокинони маҳаллӣ ба кори доимӣ фаро гирифта мешаванд. Масъулин азм доранд, ки дар ҳамин мавзеъ фермаи парвариши моли калонро низ ба роҳ монанд. Барои ин замина аллакай мавҷуд буда, дар навбати аввал то 350 сар гови сиёҳало ворид карда мешавад, ки аз он 70 сараш ширдеҳ мебошад.
Дар назди шуъбаи ҷарроҳии рақами дуюми ноҳияи Ашт сохтмони таваллудхона бомаром ҷараён дорад. Бинои мазкур аз ду ошёна борат буда, дорои 20 кат мебошад. Бино бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд ёфта, ба аҳолии панҷ ҷамоати ноҳия хизмат мерасонад.
Дар Ҷамоати деҳоти Ашт сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 25 ҷараён дошта, он бо дастгрии Ҳукумати кишвар барои 1200 хонанда дар ду баст бунёд мегардад.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо сохтмони иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ ба роҳбарияти ноҳия ҷиҳати тақвияти корҳо супоришҳо дода, таъкид дошт, ки баробари ба истифода додани иншоот муаммои мавҷудаи соҳаҳои маорифу тандурустӣ бартараф карда мешавад.
Дар ноҳияи Ашт Раиси вилоят инчунин бо сохтмони сардхона барои нигоҳдории маҳсулот ва сехи коркард ва банду басти гӯшти моҳӣ шинос гардида, ба масъулин барои татбиқи лоиҳаҳо тавсияҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд