Дар арафаи Соли нави мелодии 2023 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тарбиятгирандагони Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ба номи Тӯхтабой Ғаффоровро аёдат кард.
Раиси вилоят бо ҷараёни таълиму тарбия ва фаъолияти маҳфилҳои касбу ҳунаромӯзӣ дар мактаб — интернат шинос шуда, барои таҳти таваҷҷуҳи махсус қарор додани тарбиятгирандагони муассиса ба масъулин супоришҳо дод.
Сипас, Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинии солинавии тарбиятгирандагони мактаб-интернат ширкат варзида, онҳоро ба муносибати Соли нави мелодӣ табрик гуфт ва таъкид кард, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад ва роҳбари давлат зимни ҳар сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳо кӯдакони бесаробон ва беморонро аёдат мекунанд.
Барои тарбиятгирандагон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дастурхони идона ороста шуда, барномаи ҷолиби фарҳангӣ намоиш дода шуд. Раиси вилоят ба беш аз 300 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернат аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либосу туҳфаҳои солинавӣ супорид.
Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ба номи Тӯхтабой Ғаффоров дар Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ аст. Дар он беш аз 300 нафар кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон суст аз шаҳру ноҳияҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои таҳсилу касбу ҳунаромӯзии хонандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд