Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ собиқадорони меҳнат ва шахсони беморро аёдат кард.
Раиси вилоят нахуст собиқадори соҳаи кишоварзӣ Раҷаббой Ҷӯраевро аёдат карда, зимни суҳбат қайд намуд, ки дастгирии собиқадорону калонсолон таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар ин росто мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ собиқадоронро мунтазам ба аёдату ғамхорӣ фаро мегирад. Собиқадори соҳаи кишоварзӣ аз ташрифи роҳбари вилоят изҳори сипос намуда, барои дастгириҳои доимӣ ба Сарвари давлат миннатдории худро баён дошт.
Сипас, Раҷаббой Аҳмадзода дигар сокини ноҳия Азизмурод Маликовро, ки бо ҳукми тақдир дар бистари беморӣ қарор дорад, хабар гирифта, ба оилаи номбурда кӯмакҳои солинавии худро расонид. Раиси вилоят ҳамзамон фарзандони марҳум Фаридун Наврӯзовро, ки дар соҳаи хизмати давлатӣ фаъолият дошт, аёдат карда, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим намуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд