Аёдати собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Дар доираи боздиди корӣ аз ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат кард.

Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз собиқадори соҳаи кишоварзӣ Абдувоҳид Салимовро аёдат намуда, ба номбурда кӯмакҳои моддӣ расонид. Абдувоҳид Салимов 76 сол дошта, солҳои зиёд дар хоҷагии қишлоқ кор кардааст.

Дар ин рӯз ҳамзамон собиқадори соҳаи маориф Мавлонқул Расулов ва собиқадори соҳаи тандурустӣ Рустам Бобоев ба аёдат фаро гирифта шуданд ва ба аёдатшудагон аз номи роҳбари вилоят кӯмакҳои моддӣ дастрас гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд