Нимаи дуюми рӯзи 21 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен собиқадорони меҳнатро аёдат кард.
Раиси вилоят нахуст ба манзили сокини ҷамоати Истиқлоли ноҳия омада, аз ҳоли собиқадори соҳаи тандурустӣ Ҳасанбой Каримов хабар гирифт. Тавре иттилоъ дода шуд, Ҳасанбой Каримов солҳои зиёд барои ҳифзи солимии ҷомеа заҳмат кашида, 20 сол дар вазифаи сардухтур фаъолият бурдааст.
Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо собиқадор таъкид кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, бахусус нафақагирон ва собиқадорони меҳнат тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Раиси вилоят ҳамзамон собиқадорони соҳаи маориф Соҳиба Набиева ва Эркин Маъмуровро аёдат намуда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд