21 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияҳои Спитамену Ҷаббор Расулов бо фаъолияти гармхонаҳо шинос гардид.
Дар ноҳияҳои Спитамену Ҷаббор Расулов ташкили гармхонаҳои хурд дар заминҳои наздиҳавлигӣ маъмул буда, сокинони меҳнатқарини ин ноҳияҳо дар ҳавлӣ ва заминҳои наздиҳавлигии худ теъдоди зиёди гармхонаҳоро ташкил намуда, ҳосили хуб ба даст меоранд. Кишоварзони чашмикордони ноҳияҳо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, аз гармхонаҳо то 3-4 ҳосил мерӯёнанд.
Яке аз чунин деҳқонони соҳибтаҷрибаи минтақа Эркин Маъмуров аст, ки 84 сол дорад. Ӯ новобаста аз калонсолии худ ҳамроҳи фарзандону наберагонаш дар замини наздиҳавлигиаш меҳнат мекунад ва аз ин ҳисоб зиндагии худро пеш мебарад. Дар замини наздиҳавлигӣ номбурда дар байни қатори дарахтони гелос кишти маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ба роҳ монда, ҳамасола то 40 ҳазор сомонӣ фоида ба даст меоварад. Дар баробари ин, ӯ ду гармхонаи замонавӣ бунёд намудааст, ки дар онҳо лимон парвариш карда мешавад.
Раиси вилоят сипас дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз гармхонаи деҳқони пуртаҷриба Элдор Сатторов боздид намуд. Масоҳати гармхонаи мазкур 0,10 га буда, аз он чор маротиба ҳосил рӯёнида мешавад ва ҳоло парвариши лимӯ, кабудиҳо ва кӯчати помидор ба роҳ монда шудааст.
Ҳангоми боздид Раиси вилоят ба кори оилаи Маъмуровҳо ва Сатторовҳо баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки чунин тарзи истифодаи замин бояд барои дигарон намуна бошад. Таҷрибаи истифодаи самараноки замин бояд дар дигар минтақаҳо низ истифода бурда шавад.
Ёдовар бояд шуд, ки дар вилоят беш аз 500 гармхона мавҷуд буда, аз он 274 гармхонаи навъи хитоӣ ва 4 гармхона навъи инноватсионӣ мебошанд. Аз ин миқдор дар 293 гармхона парвариши сабзавот, дар 212 гармхона парвариши лимӯ ва гулҳо ба роҳ монда шудааст. Майдони умумии кишти сабзавот дар гармхонаҳои хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии вилоят 25 гектар буда, аз он 11,47 гектар помидор, 8,26 гектар бодиринг ва 5,27 гектар дигар зироатҳо мебошад. Илова бар ин, майдони дарахтони лимӯ ба 12,40 гектар ва кӯчати гулҳо ба 3,27 гектар расонида шудааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд