Аёдати собиқадорони меҳнат дар Истаравшан

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат кард.

Раиси вилоят аз ҳоли Хидиров Мелис, Қушқорова Субҳия ва Фотима Шарипова хабар гирифта, ба собиқадорон кӯмакҳои моддӣ расонид.

Хидиров Мелис соли 1935 таваллуд шуда, пас аз хатми мактаби миёна соли 1954 ба инситути тиббии шаҳри Душанбе дохил мешавад. Ӯ солҳои зиёд дар соҳаи тандурустии шаҳр кор карда, хизматҳояш бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадр шудааст.

Қушқорова Субҳия низ соли 1935 ба дунё омадааст. Мавсуф солҳои зиёд дар хоҷагии қишлоқ кор карда, айни замон нафақахур аст ва соҳиби 9 фарзанд, аз ҷумла 6 писар ва 3 духтар мебошад.

Фотима Шарипова соли 1935 таваллуд шуда, солҳои зиёд дар соҳаҳои маорифу хизмати давлатӣ кор кардааст. Аз соли 1957 то 1963 ҳамчун котиби дуюм ва котиби аввали комитети шаҳрии Комсомоли Тоҷикистон дар ноҳияи Уротеппа фаъолият мебарад. Аз соли 1978 то 1987 раиси комиҷроияи депутатҳои халқии ноҳияи Уротеппа ва аз соли 1988 то 1990 мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд