Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан дар деҳаи Ругунд аз манзили истиқоматии Аваз Хидиров боздид ба амал овард.
Ин сокини шаҳри Истаравшан ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланд гузаронидани зимистон маҳсулоти заруриро захира намуда, бо боварӣ изҳор медорад, ки маводи озуқавории изофиро ба бозор низ ба фурӯш мегузорад. Аҳли оилаи Хидировҳо аҳлона меҳнат намуда, 1000 дона харбуза, 1000 дона каду, 20 тонна ангур барои мавиз, 500 кг мавиз, 50 тонна пиёз захира кардаанд. Пиёзи захирашударо аҳли оила кам-кам ба фурӯш гузошта, аз пули он маводи барои рӯзгор зарурии худро харидорӣ менамоянд.
Раиси вилоят ба кори ин оила баҳои баланд дода, таъкид кард, ки дар деҳаҳо бояд ҳар як оила захираи дусолаи маҳсулот дошта бошад. Захиркунии маҳсулот аз ҷониби оилаи Хидировҳо барои ҳар як оила намунаи беҳтарин ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки дар Истаравшан ҳамасола садҳо тонна пиёз истеҳсол гардида, маҳсулот ба таври кофӣ захира карда мешавад. Тибқи иттилои масъулин айни замон дар шаҳр беш аз 10 000 тонна пиёз захира гардида, ҳамарӯза то 250 тонна пиёз ба минтақаҳои ҷануби мамлакат равон карда мешавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд