19 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо рафти бунёди корхонаҳои саноатӣ шинос шуд.
Чуноне иттилоъ дода шуд, бо мақсади саҳм гузоштан дар амалӣ шудани ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳр тадбирҳои муҳим амалӣ гардида, бунёди корхонаҳо идома дорад. Яке аз чунин корхонаҳо корхонаи истеҳсоли телевизор, мошинаи ҷомашӯӣ ва дигар таҷҳизоти техникӣ бо бренди «ORVIGA» аст, ки аз ҷониби соҳибкор Ғанӣ Файзиев бунёд гардида истодааст. Аснои шиносоӣ таъкид карда шуд, ки корхона аз ҷониби ҶДММ «ORVIGA» дар масоҳати зиёда аз 2 гектар бунёд гардида, дар ҷараёни бунёди он қариб 20 нафар сохтмончиён бо ҷойи кор ва пас аз мавриди истифода қарор додани марҳилаи якум қариб 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Маҳсулоти корхона воридотивазкунанда буда, метавонад бозори дохилиро бо маҳсулоти ватанӣ таъмин созад.
Корхонаи дигар аз ҷониби соҳибкор Дониёрбек Умаров бунёд шуда истодааст, ки дар он истеҳсоли мебел барои кӯдакон ба роҳ монда мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар ин корхона қариб ба анҷом расида, таҷҳизоти техникии замонавӣ аз Ҷумҳурии мардумии Чин ворид карда хоҳад шуд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона то 30 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.
Раиси вилоят ташаббуси соҳибкорони маҳаллиро дар самти бунёди корхонаҳо ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда истиқбол карда, иброз дошт, ки дар шаҳри Истаравшан захириву имкониятҳо фаровон аст ва соҳибкорони шаҳр метавонанд фаъолона дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии кишвар саҳм гузоранд.
Раиси вилоят ҳамзамон рафти бунёди Қасри фарҳанги шаҳрро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои дар муҳлати пешбинишуда ба анҷом расонидани корҳо ба роҳбарияти шаҳр супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд