Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Истаравшан

19 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Истаравшан сафар намуда, бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.

Ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан сохтмони корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ идома дорад, ки роҳбари вилоят рафти корҳо дар бархе иншооти ҷашниро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Дар деҳаи Вогати шаҳр бо саҳмгузории аъзои хоҷагии деҳқонии «Меҳринисо» барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо чоҳи амудӣ кофта шуда, аъзои хоҷагии деҳқонӣ, ки ба ангурпарварӣ машғуланд, тасмим доранд, ки вазъи таъминот бо оби полезиро беҳтар ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намоянд. Чуқурии чоҳи амудӣ беш аз 200 метр буда, барои иҷрои корҳо аз ҷониби хоҷагӣ маблаҳи зарурӣ равона гардидааст.

Раиси вилоят дар суҳбат бо кишоварзон аз ташаббуси неки онҳо ситоиш карда, таъкид кард, ки дар шароити куҳсор бояд ҳар порча замин самаранок истифода бурда шавад. Таҷрибаи бунёди чоҳҳои амудӣ дар Истаравшан маъмул буда, хоҷагидорон бо ин роҳ заминҳои кишоварзиро шодоб мегардонанд.

Сипас, Раиси вилоят бо сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37 дар деҳаи Вогат шинос шуда, барои бо сифати баланд ба охир расонидани корҳо тавсияҳо дод. Бинои сеошёнаи таълимӣ дорои 16 синфхона буда, барои таълиму тарбияи 700 хонанда пешбинӣ шудааст. Дар муассисаи таълимӣ ҳамзамон утоқҳои фаннӣ, толори варзишиву ошхона ва дигар иншооти ёрирасон низ буёнд гардида, барои таълиму тарбияи хонандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд