Сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом

18 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни корҳои созандагиву ободонӣ аз наздик шинос шуд.

Чуноне маълумот дода шуд, дар шаҳри Конибодом бо истифода аз техникаҳои зарурӣ корҳои тозакунии каналу заҳбурҳо идома дошта, ин тадбир дар самти беҳтар намудани таъминоти хоҷагидорон бо об нақши муассир дорад. Аз ҷумла, тоза намудани канали калони Фарғона имкон фароҳам меорад, ки дар мавсими киштукор обёрии заминҳо бидуни мушкил сурат бигирад.

Раиси вилоят зимни сӯҳбат бо роҳбарияти шаҳр ва масъулини соҳаи кишоварзиву обёрӣ бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат баён гардида буд, таъкид намуд, ки бояд ба масъалаи рушди соҳаи кишоварзӣ диққати махсус дода шавад.

Дар Тюмен дурнамои густариши ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Россия баррасӣ шуд

Дар доираи сафари кории ҳайати вилояти Суғд ба вилояти Тюмен мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо губернатори вилояти Тюмен Александр Моор баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар пайваста рушд ёфта, заминаи мусоиди густариши ҳамкориҳои судмандро байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Россия фароҳам овардаанд.

Сафари расмии ҳайати вилояти Суғд ба вилояти Воронежи Федератсияи Русия

Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо сафари расмӣ ба вилояти Воронежи Федератсияи Русия ташриф овард.

Дар доираи сафар, рӯзи 30 май дар толори ҳукумати Воронеж мулоқоти расмии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо Губернатори Воронеж Александр Гусев баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавиро дар самтҳои иқтисод, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси вилояти Суғд зимни муаррифии имкониятҳои иқтисодию саноатии вилоят иброз дошт, ки дар партави сиёсати созандаи роҳбарияти олии мамлакат, бахусус дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди саноат (2022–2026), соҳаи саноати вилояти Суғд рушд намуда, вилоят имрӯз ба яке аз марказҳои муҳими содиротии кишвар табдил ёфта, маҳсулоти корхонаҳои он ба Федератсияи Русия ва дигар давлатҳои хориҷӣ содирот мегардад.

Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Айнӣ

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Сарводаи ноҳияи Айнӣ ба бунёди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ санги асос гузошта шуд.

Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ба роҳбарияти ноҳия супоришҳо дод.

Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар масоҳати 1,5 гектар бунёд мегардад ва тибқи лоиҳа дар он муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта шуда, нишастгоҳҳо, фаввораҳо, гулгаштҳо ва нуқтаҳо барои омода намудани таомҳои миллӣ ташкил хоҳад шуд.

Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ сохтмони иншооти гуногун идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо ба ноҳия сафар карда, бо сохтмони як қатор иншоот шинос гардид. Аснои боздид аз рафти корҳо дар қасри фарҳанги деҳоти Палдорак иттилоъ дода шуд, ки иншот бо маблағгузории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, пудратчии он Муассисаи давлатии Иттиҳодияи илмию истеҳсолӣ оид ба муҳофизат ва таъмиру истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг мебошад. Масоҳаи умумии бино 610 метри мураббаъ буда, он аз ду ошёна иборат мебошад. Бинои қаср дорои ҳуҷраҳои барҳавои замонавӣ барои баргузории маҳфилҳои рубобнавозону доиранавозон, шашмақомсароӣ, рассомӣ, ҳунармандӣ низ мебошад.

Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Зафаробод

22 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Зафаробод сафар намуда, бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия шинос гардид.

Зимни сафар роҳбари вилоят нахуст дар деҳаи Навбаҳори Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ чоҳи амудиро мавриди истифода қарор дод. Чоҳи амудӣ барои оби нӯшокӣ дар деҳаи Навбаҳор бо иқдоми оилаи Ҳасановҳо бо шумули маблағҳое, ки барои адои ҳаҷ пасандоз гардида буд, кофта шудааст.

Деҳаи Навбаҳор соли 2009 ташкил ёфта, мардуми ин деҳа аз деҳаи Даҳкат, Ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи Деваштич чун мухоҷирони экологӣ ба ноҳияи Зафаробод оварда шудаанд. Шумораи аҳолии деҳа 1440 нафарро ташкил мекунад.