21 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муовини вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Дмитрий Волвачро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози мулоқот роҳбари вилоят ҳайати меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, аз муносиботи дӯстонаи кишварҳо ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои васеъ буда, бо минтақаҳои гуногуни ФР ҳамкории мутақобиларо ба роҳ мондааст. Чунончи давоми соли 2022 мубодилаи молу маҳсулот байни вилояти Суғд ва минтақаҳои ФР ба зиёда аз 600 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид.
Новобаста ба ин, то кунун имкониятҳои истифоданагардида хело зиёд мебошад. Соҳибкорон ва ширкатҳои бонуфузи ФР метавонанд дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузург аз қабили бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, коркард, банду баст, куҳиву металлургӣ, нассоҷӣ, азхудкунии заминҳо ва ғайра ширкат варзанд.