26 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони ширкати технологии “Хуавей” дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқоти ҷонибҳо масъалаи татбиқи лоиҳаи "Шаҳри бехатар" дар шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси вилоят аснои мулоқот аз таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Чин ёдовар шуда, густариши робитаҳоро самараи сиёсати роҳбарони давлатҳо арзёбӣ кард.
Тибқи нақша дар маркази вилояти Суғд лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ карда мешавад, ки ҳадаф аз татбиқи лоиҳа назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаву қонунвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои нохуш мебошад.