13 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо гуруҳи соҳибкорон аз Федератсияи Россия, ки бо сафари корӣ дар вилоят қарор доранд, мулоқот намуд.
Дар мулоқот, ки бо иштироки Бобоҷон Шарифов, намояндаи Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, роҳбарони ширкатҳои истеҳсолиии Федератсияи Россия Шариф Абдуллоев, Алим Долаев, Владимир Маркин, Юрий Комаровский, Валерий Клупов ҷараён гирифт, масъалаи таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуд.
Раиси вилоят ба меҳмонон доир ба вазъи соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ маълумот дод. Қайд карда шуд, ки дар вилояти Суғд 1100 корхонаи хурду бузург фаъолият дошта, дар соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 26 млрд 51,9 млн. сомонӣ баробар гардид.
Дар вилояти Суғд бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мусоиди сармоягузорӣ мавҷуд буда, танҳо дар соли 2023 ба иқтисодиёти вилоят 194,2 млн. доллари ИМА сармоягузории ватанию хориҷӣ, аз ҷумла, 124,2 млн. доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст.