Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҳайати гурӯҳи корӣ ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, Сайвалӣ Дониёрзода ва директори Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев шомил буда, зимни мулоқот масъалаҳои мубрами футбол дар вилоят, аз ҷумла футболи кӯдакону наврасон, бонувон, футзал, футболи клубӣ, ҳамзамон иҷрои нақшаи чорабиниҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, аз варзишгоҳҳои 15 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд боздид ба амал оварда шуд.