Имрӯз дар шаҳри Исфара мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.
Мулоқот таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев ва бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоятҳо, раисони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва дигар шахсони масъул ҷараён гирифт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз кори гуруҳи кории муштарак ва сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстона изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид гардид, ки дар натиҷаи фаъолияти назарраси масъулони вилоятҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду тараф амният дар минтақаҳои наздисарҳадӣ таъмин буда, ҷонибҳо бо риояи анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ барои таъмини субот фаъолият мекунанд.